ифтихор — [افتخار] а 1. болидан, фахр кардан; фахр, сарафрозӣ, сарбаландӣ 2. боиси фахр; он чи бар он фахр карда мешавад; ифтихор доштан фахр кардан (бо чизе); ифтихор кардан (намудан) фахр кардан, болидан, нозидан, мубоҳот кардан (ба чизе) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
нозидан — [نازيدن] 1. ноз кардан, карашмаву ишва кардан 2. фахр кардан, болидан. ва кардан 2. фахр кардан, болидан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
фахр — [فخر] а 1. нозидан, болидан бо доштани чизе, мубоҳот кардан; фахр кардан болидан, нозидан, мубоҳот кардан, ба сарфарозӣ ва бартарии худ бузургӣ кардан 2. боиси нозиш ва ифтихор … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
арш — [عرش] а 1. тахт, сарир 2. осмон; арши аъло осмони баланд; аршу фарш осмону замин ◊ ба арши аъло бардоштан бисёр таъриф кардан, бисёр бардор бардор кардан; нола ба арш баровардан сахт нолидан; худро дар арши аъло дидан кибру ғурурро ба дараҷаи… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бол — I [بال] асоси замони ҳозираи болидан II [بال] 1. узве, ки парандаҳо ва баъзе ҳашарот ба воситаи он парвоз мекунанд, қанот 2. қисми ба ду тараф паҳншудаи ҳавопаймо; болу пар а) қанот; б) маҷ. қувва(т), иқтидор, тавон; в) маҷ. такягоҳ, пушту паноҳ; … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
боланда — [بالنده] сифати феълии замони ҳозира аз болидан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
болида — [باليده] 1. сифати феълии замони гузашта аз болидан 2. маҷ. сарфарозона, сарбаландона; ифтихормандона; табъи болида а) табъи баланд; б) табъи хуш … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
болиш — [بالش] исми феълӣ аз болидан; сабзиш, рӯиш, нашъунамо … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
болон — I [بالان] 1. феъли ҳол ва сифати феълии замони ҳозираи болидан 2. мутаҳаррик, ҷунбон II [بالان] кҳн., ниг. долон … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
варам — [ورم] а. ҷои дамида баромадаи бадан ё ягон узви он, омос; умуман дамидагӣ дар рӯи чизе; варами шуш тиб. бемории шуш ба сабаби шамол хӯрдан, ки дар натиҷаи он шуши бемор сурх ва ҳаҷман калон шуда, дар вай таб пайдо мешавад, зотуррия; варам кардан… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ